6.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Задухурд миёни муборизони “Гурӯҳи 24” ва муҳофизони диктатори муш- Раҳмонов

Шоми 7- уми ноябр миёни гурӯҳе аз аъзои “Гурӯҳи 24” бо муҳофизини диктатор – Раҳмонов дар шаҳри Порис муноқиша ва задухурде рӯх дод. Ин муноқиша дар ҳоле рӯх дод, ки Раҳмонов мебоист бо соҳибкорони фаронсавӣ мулоқот кунад. Қарор буд, Раҳмонов дар маконе, ки эълон карда буданд, мулоқот доир мекард, вале ин сирри ӯ ошкор шуд. Барои муборизони “Гурӯҳи 24” маълум шуд, ки Раҳмонов мисли муше аз тарс чунин ҷои мулоқотеро эълон кардааст ва зоҳиран мулоқот дар ҷои дигаре бояд сурат бигирад. Аз ин сабаб чанде аз намояндагони “Гурӯҳи 24” ба ҷустуҷӯи ин калла-МУШ-и тарсӯ баромаданд ва билохира дар ҷои дигаре пайдояш карданд. Аъзои “Гурӯҳи 24” бо баробари ба бинои мулоқоти Раҳмонов наздик шудан, ба шиор сар додан шурӯъ карданд: “Раҳмонов диктатор, Раҳмонов қотил, Раҳмонови МУШ” Чун муҳофизони Раҳмонов аз ин амали муборизон хабар ёфтанд, ба хотири шарманда нашудани диктаторашон саъй карданд, ки муборизонро хомӯш кунонанд, ва ин ҳам бо як таҳдиду фуҳш додану зӯргӯиҳо! Вале шербаччаҳои “Гурӯҳи 24” аслан ин муҳофизонро чун саге медонистанд, ки барои як нисфи нони хушк аз як ХОҶАЕ ҳимоят мекунад. Кор ба муноқиша ва занозанӣ печид. Ба макони ҳодиса бештар аз 50 кормандони пулиси махсус, ёрии таъҷилӣ, мошини оташфишонӣ ва ҳатто аз роҳи ҳавоӣ – чархбол ҳозир шуданд. Намояндагони пулис садде миёни аъзои “Гурӯҳи 24” ва сагони Раҳмонов шуданд. Бо вуҷуди ҳузури пулис муборизон биноро тарк намекарданд, то ин ки ин ҳама садоро дар рӯ ба рӯи худи диктатор -Раҳмонов бизананд ва якчанд тухми обдоре дар сару рӯяш ҳаво диҳанд!

Вале Раҳмонов бошад, аз тарс мисли як мушбаччае, ки аз гурба тарсида, ҳатто ҷуръати аз роҳи маъмулӣ берун шуданро накард ва мушона аз роҳи пушт (аз дари пушт) фирор кард. Раҳмонов бояд бидонад, ки мо ин диктатори хоинро ҳамеша ва дар ҳама ҷо чунин “Истиқболи гарм” мегирем! Ин қотили хоин бояд дарк кунад, ки назди мардуми кишвараш чӣ арзише дорад. Он ҳама пешвозгириҳои маҷбурие, ки дар кишвар сурат мегирад ва кудакакони мактабхонро дар ҳавои сард бо куртаи остинкӯтаҳ ва гулдастаҳою шеъру суруд ба пешвози ин МУШ-и нопок мебароранд, сохта буданашон бояд ба ин қотил маълум гардад! Барномаи “Истиқболи гарм”-и “Гурӯҳи 24” ҳанӯз идома дорад. Шаби баъди ин ҳодиса боз як теъдоди фаъолони “Гурӯҳи 24” ба Фаронса сафар карданд ва айни хол дар якчоягӣ омодаи барномаҳои баъдӣ ҳастанд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза