-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Дар пасманзари сафари кории Раҳмонов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ аҳдофи ғаразнок ниҳон аст?

Дар пасманзари сафари кории Раҳмонов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ аҳдофи ғаразнок ниҳон аст?

Раҳмонов ҳар сол дар арафаи ҷашни Истиқлол ба яке аз минтақаҳои Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Имсол бошад сафари кории ӯ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусодиф афтод. Чаро маҳз ба Бадахшон?

Сафарҳои кории Раҳмонов бо якрангиву шабеҳи ҳам буданашон яке аз дигар чандон фарқ намекунанд.  Ҳамон саҳнаи якранги пазироӣ аз ҷониби анбӯҳи мардум, махсусан донишҷӯён ва талабагони мактаб, рақсу суруд ва қироати шеър дар васфи “Пешво”, тақдими гулу гулдаста ба “меҳмони олиқадр” ва сипас ифтитоҳи як силсила корхонаҳои навбунёд, иншоот, мактаб ва ҳоказо. Сафари навбатии кории Раҳмонов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз ин қоида истисно набуд.

Дар маросими истиқбол  Раҳмоновро дар фурӯдгоҳи шаҳри Хоруғ чун анъана боз ҳазорон нафар марду зан, ҷавонон ва бачаҳо шояд пас аз тамрини якмоҳа пазироӣ намуданд. Маълум буд, дар омода намудани худи ҳамин саҳна ва боз саҳнаҳои минбаъдаи пазироии ӯ дар ҷараёни ин сафар дар муддати ду се рӯз миллионҳо сомонӣ маблағи буҷа сарф шудааст.

Баъдан, саҳнаи ифтитоҳи корхонаҳои нав ва буридани лента чунон хандаовар метобад, ки ҷаълӣ ва саҳнасозӣ буданаш баръало маълум аст. Мо дар гузашта борҳо шоҳиди он будем, ки ин гуна иншоотҳо пас аз ифтитоҳи Раҳмонов на танҳо аз фаъолият бозмонданд, балки тамоман барҳам хӯрданд. Раҳмонов дар сафари навбатии худ корхонаҳои тавлиди мобел, Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металӣ, меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” ва ғайраро ифтитоҳ намуд.  Аслан ҳамаи ин корхонаҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд ва Раҳмонов бо ифтитоҳи онҳо аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ҳисобот медиҳад. Ифтитоҳи бинои мактаб бошад, боз пули буҷа, яъне пули мардум.  Пас Раҳмонов инҷо чӣ саҳм дорад?

Мо аз тафсилоти сафари Раҳмонов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худдорӣ мекунем ва қаблан дар бораи бемақсад ва танҳо барои ҳисобот будани онҳо борҳо гуфтаем. Инҷо мехоҳем дар бораи ҳадафҳои ғаразноки сафари ин диктотур сухан гӯем.

Аз ҳодисаҳои хунини Бадахшон, қатлу террор ва зиндонӣ намудани мардуми озодандеши Бадахшон ҳанӯз як сол нагузаштааст ва оташи дили модарони фарзандгумкарда, арӯсони бешавҳар монда, тифлони ятим ва онҳое, ки фарзандонашон бегуноҳ дар зиндонҳои ин режими одамкуш қарор доранд,  паст нашудааст. Раҳмонов бо ин сафар чӣ мехоҳад, намунае чанд инҷо меорем:

Аввал ӯ дар чашми мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданист, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ором аст ва мардуми он сиёсати Раҳмоновро дастгирӣ мекунанд.

Дувум, ӯ бо ифтитоҳи чанд корхона, иншоот, мактаб, тақдими тӯҳфа ва пул ба мардум, махсусан ба ятимон гӯё гуноҳи худро шустанист. Махсусан саҳнаи навозиши кӯдакони ятим хеле риққатовар буд. Падаронашонро бо дастури Раҳмонов ба қатл расонданд, Раҳмонов сари ин ятимонро сила мекунад!

Севум, Раҳмонов бо ин кораш гӯё дар назди мардуми Бадахшон “пирӯзӣ”-и худро ҷашн гирифт. Ва ҳатто дар навори сафараш дида мешавад, ки мардумро боз таҳдид мекунаду мегуяд: Худоро шукр кунед, ки солимен ва зиндаед ва ғайра…

Вале ӯ иштибоҳ мекунад ва маълум аст, мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин маросим на сидқан, балки ба таври маҷбурӣ иштирок мекунанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ҷиноятҳои Раҳмонови қотил ва зархаридони ӯро фаромӯш нахоҳанд кард.  Раҳмонов бо пулу мол наметавонад баҳои хуни даҳҳо ҷавонмардони озодихоҳи Бадахшонро ҷуброн кунад. Ва мардуми ғаюри Бадахшонро ба чашмашон хок пошад!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза