6.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Дар Вена ҷаласаи навбатии САҲА баргузор гардид

 Рӯзҳои 16 ва 17 майи соли равон дар Вена ҷаласаи навбатии САҲА баргузор гардид, ки ба мавзӯи “фаъолияти ниҳодҳои демократӣ дар шароити бӯҳрон” бахшида шудааст. Дар рӯзи аввали ҷаласа мавзӯи аҳамияти ниҳодҳои миллӣ ва маҳаллӣ барои нигоҳ доштани демократия дар замони бӯҳрон баррасӣ шуд.
Рӯзи дуюм иштирокчиёни ҷаласа дар мавзӯъҳои «Аҳамияти озодии иттиҳодияҳо дар минтақаи САҲА» ва «Чаро ВАО дар замони бӯҳрон ба озодии бештар ниёз доранд?» суханронӣ карданд.
Дар ин нишаст намояндагони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” низ, ки ба унвони намояндагони мухолифини расмии сиёсии Тоҷикистон даъват шуданд, дар мавзўъҳои дар боло зикргардида бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳо ва вазъи Тоҷикистон маърӯза карданд.


Зимни суханронии намояндаи “Гурӯҳи – 24” Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, ки ба мавзӯи ҳаводиси ахири Хоруғ дахл дошт, як ҳодисаи ногуворе ба вуқӯъ пайваст: як узви ҳайати ҳукуматӣ суханони сухангӯи моро бурида, бо овози баланд эътироз кард. Аз ҷумла, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор таъкид намуд, ки ваъдаҳои мақомот дар бораи таҳқиқи марги шаҳрвандони Хоруғ дар моҳи ноябри соли 2021, таъқиби эътирозгарон ва барқарор кардани алоқаи мобилӣ ва интернет дар минтақа то ба ҳол иҷро нашудааст. Маҳз ҳамин ҳарфҳо боиси ба вуҷуд омадани хашми намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон гардид. Яке аз намояндагони расмии Душанбе, ки то ба охир талош кард монеи суханронии намояндаи мо шавад, дод зад, ки ин ҳама дурўғ аст ва “Гурўҳи -24” террористанд ва кӣ онҳоро ба ин ҷо даъват кард.
Дар ин ҷаласа намояндагони Раҳмонов ҳамчун “террорист” рафтор мекарданд, на ба мисли намояндагони ҳукумати демократӣ. Дар чунин чорабиниҳо, ки намояндагони ҷомеаҳои демократӣ ҳузур доранд, одитарин қоидаҳои рафтор вуҷуд доранд. Ин қоидаҳо эҳтироми ҳозиринро муқаррар мекунанд; сухани суханварро набояд қатъ кард ва бояд то ба охир гӯш кард; агар сухан ба шумо дода нашуда бошад, сухан нагӯед. Дар ҷомеаи демократӣ одат аст, ки ҳарифи худро гӯш кунед, агар ба фикри ӯ розӣ ҳам набошед, далелҳои худро баён кунед, аммо набояд доду фарёд зада, сухани рақиби худро бурида, ҳақорат кунед.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” солҳост, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти Тоҷикистон ва аслан мавҷуд набудани демократия ва озодиҳо дар кишвар ҷалб мекунад. Чунин ҳодисаҳо дар ин бобат ба мо ёрӣ мерасонанд, оҳиста-оҳиста моро ба мақсад наздик мекунанд.
Мо пайваста аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват мекунем, ки аз маблағгузории лоиҳаҳо ба ниҳодҳои гӯё демократӣ, вале дар асл оила ва наздикони Президент даст кашанд. Шояд набуди маблағ Раҳмоновро маҷбур созад, ки ҳадди ақал меъёрҳои асосии ҳуқуқии байналмилалиро риоя кунад ва ба ин васила зиндагии мардумро осон намояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза