12.1 C
Dushanbe
20.11.2024

Вокунишҳо ба рӯйдодҳои 10-уми октябр

Онгоҳ ки раҳбари ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» Қувватов Умарали дар давлати Туркия буд, Суди Олии Тоҷикистон “Гурӯҳи 24”-ро бо фармони Раҳмонови қотил дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъу ифротӣ эълон кард. Умаралӣ Қувватов ба он рӯхдоди гузашта чунин баҳо дод: “Бозиҳои имрӯза ба як «Саҳнаи сафсатахонии масхарабозони девона» монанд аст. Ҳукумати худкомаи Раҳмон, боз якбори дигар дар чашми мардум нокомии худро нишон дод. Дар арсаи ҷаҳонӣ шармсору шармандаю масхара шуд. Ҳамагӣ пай бурданд, ки ҳукумати Раҳмон, бе шак як ҳукумати худкома аст. Ҳукумати худкомаи Раҳмонов аз тарсу ҳарос бар зиди мардуми бечорае, “ки ба қавли ӯ ӯро интихоб кардааст”, яроқу аслиҳа баровард, то ки мардуми норозӣ ва беаслиҳаро тарс диҳад. Ин ҳамон мардуме, ки дар шаҳрҳои давлати Руссия сулҳхоҳона сарҷамъ омада буданд. Ин маънои онро дорад, ки Раҳмонов раҳбари худкома аст, вай на танҳо интихоб нашудааст, балки бо роҳи хунрезию куштор бар сари қудрат расидааст. Тарсе, ки Раҳмонов аз мардуми бечораи Тоҷикистон дорад, бар худ сабабе дорад. Ин сабаб, хиёнат бар алайҳи мардуми мазлуми тоҷик мебошад, ки бо ҳар гуна роҳу равиш ва қудрату мансабаш, мехоҳад хиёнатҳои худро пушонад.”

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки шумораи одамоне, ки мехостанд ба намоиши осоишта бароянд, камтар буд, чун ки Раҳмонови ҷинояткор ба ҳар васила роҳҳоро маҳдуд кард, то мардум натавонанд барои пурсиш ва пуштибонӣ аз ҳуқуқи худ ба майдон бароянд. Раҳмонови ҷинояткор ҳамаи шабакаҳои хабарии хориҷию дохилӣ ва умуман ВАО-и дохилиро баст, то ки ба мардум аз гирдиҳамоӣ ягон маълумот нарасад. Раҳмонови ҷинояткор, фармон дод, то тамоми шабакаҳои интернетӣ, сомонаҳои иҷтимоӣ ва ғайраро банданд. Мардуми дар гирду атроф буда аз ин воқеъа бе хабар монанд. Ин худ чӣ рафтор аст? Магар ин қонуне аз қавонини низоми демукросист? Фақат, як иддае аз мардум ба воситаи “Zello” тамос доштанд, ҳамонҳо аз ин воқеъа хабар доштанду халос. Ҳамин тавр Раҳмон исбот кард, ки ӯ тарафдори қонунҳои демукросӣ нест, баръакс ӯ як раҳбари ҷинояткору худкома аст.

Вокуниши коршиносони СҒД ва ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ба андешаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини роҳбари “Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон” – Ҳакимов Шокирҷон, “Ҳокимони давлати мо ва сохторҳои қудратӣ, ба дурустӣ, наметавонанд ба андешаву танқиду дидгоҳи ҷомеъа посух гӯянд, ин гуна гирдиҳамоиҳо нишон доданд, ки онҳо дар ин ҳолат наметавонанд дурӯст муносибат кунанд.” “Агар мақомоти Тоҷикистон ба ин хабари гузаронидани гирдиҳамоии осоишта ва бидуни иҷоза дар шаҳри Душанбе ҷиддӣ нигаристанд, он гоҳ, онҳо бояд назари сиёсии худро бо ин рафтори ношоистаи сиёсаташон биандешанд” афзуд Ҳакимов Шокирҷон.

Раиси “Кумитаи исломӣ” – Ҳайдари Ҷамол, бар ин бовар аст, ки рафтори мақомоти Тоҷикистон бар алайҳи ҳама гуна фаъолияти мухолифин равона шуда аст. Ба андешаи ӯ Раҳмоновро аксари мардуми Тоҷикистон дӯст намедорад ва гап дар бораи зарурати сарнагун кардани вай, аллакай барвақт мерафт. Пас, раисҷумҳур хеле ваҳшатона кӯшиш мекунад, то ҳама гуна талош барои сарнагунии ҳукумати худкомаи худро битарсонад. “Ин одам ҷумҳуриро ба меросе табдил дод ва аз они оилаи худ кард. Дар ҳукумати худкомаи ӯ, нишондодани ташаббуси хусусӣ ғайри имкон аст. Ба дурустӣ, кору фаъолит кардан сахт аст. Илова бар ин, ӯ ҳамеша бар дини мубини Ислом ҳамла мекунад. Сарфи назар аз он, ки ҷомеаи Тоҷикистон одатан як ҷомеаи Исломӣ дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аст.”

gaydar j

Иззат Амон, коршинос оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ дорад, ба ИММ ВАОТ гуфт, ки ҳаракати сиёсии мардумии:«Гурӯҳи 24» одатан ба ягон созмони ҳуқуқии муқарраршуда ворид намешавад ва дар ягон ҷой сабт нашудааст. Аз ин рӯ, изҳороти суди Олӣ ва прокурори генералӣ, назар ба ин «Гурӯҳи 24» бе маънист.

Коршиноси мустақили Тоҷикистон, доир ба суолҳои ҳуқуқӣ – Романов Сергей, ба ИММ ВАОТ дар бораи вуҷуди Аҳдномаи Байналмилалии ҳуқуқӣ, шаҳрвандию сиёсӣ; аз ҷумла, дар моддаи 19-ум, санади қабулшудаи соли 1976-ум хотиррасон кард. Ба гуфтаи ӯ суханони оддӣ, бе ягон шартҳои ҳуқуқӣ, ҳар як шаҳванд ҳақ дорад, ки фикру андешаи худро озод баён кунад. Ҳар як шаҳрванд ба хабарҳои васоити ома ҳуқуқ дорад.

Тибқи хабарҳои Озодӣ, Маркази АвруОсиёӣ – маълумоти стратегии “CESI Лондон” мегӯяд, ки ҳодисаҳои руйдоди Тоҷикистон, рӯзҳои охир аз ҷониби Кремл амалиёти даҳшатоваранд. Федератсияи Руссия аз кӯшишҳои Раҳмонов оид ба Чин наздик шуданаш хеле нигарон аст. Коршиносони Бритониё ба боварӣ изҳор карданд, ки Қувватов Умарали, ки як вақтҳо ҳамкорӣ бо хонаводаи Раҳмонро дошт, ба хусус бо домодаш, Русия ӯро ҳамчун “лифаи манфиатҳои Раҳмон дар раванди сиёсати бузург ва иқтисодӣ” истифода мекунад. Коршиносони CESI навиштаанд, ки вобаста ба ин ташаббуси ташкилотҳои имконпазири муқовимати иҷтимоӣ дар кишвар дар назар аст.

Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза