9.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Вақте аз мардум пурсида мешавад, ки тули 27 сол ба кишвар чӣ додед?

Чанде қабл, Раҳмонов ба вилояти кӯҳистони Бадахшон сафар дошт. дақиқтараш, рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Хорӯғ “мулоқоте” бо мардум баргузор намуд ва телевизиони Тоҷикистон суханронии Раҳмонови бехосиятро ба намоиш гузошт, ки дар он кинаву нафрати беандоза нисбат ба мардуми Тоҷикистон ба хубӣ дида мешуд.
Раҳмонов бо услубе, ки ҷузъи хулқу атвораш шудааст, ба мардуми ҷамъомада дод мезад, таҳдиду таъна мекард. Вале ин ҷо як суханаш хотирмон буд ва он ҳам, ин суоли мутаккабиронаи ӯ ба мардуми Бадахшон: “Дар тули ин 27 сол шумо ба давлат чӣ додед?” Аз ин суол албатта, бисёриҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам ангушти ҳайрат газиданд.
Дар ҳеч ҷои дунё ягон роҳбар, ҳатто дар Африқо ё Кореаяи Шимолӣ ба худ иҷоза намедиҳад, ки бо мардумаш бо чунин услуб (ғазабу таҳдид) гап занад. Ва болои ин, миннат кунад, ки ман барои шумо бисёр хидмат кардам, вале шумо мардум дар ин 27 сол ба мани роҳбар ва давлат чизе надодед ё хидмате накардед!
Бовар кунед, агар чунин суханро бо ин шева ягон роҳбари дигар дар дунё мегуфт, ҳамон лаҳза ҳукми барканориаш содир мешуд. Роҳбарони дигар бо мардуми худ доимо бо забони нарм ва бо тарзи хушомадгӯӣ сухан мекунанд, зеро медонанд, ки дар пеш интихобот истодааст ва ин мардум метавонанд ба дигар кас овоз диҳанд. Вале дар Тоҷикистон, ки интихоботу овози мардум танҳо рӯи коғаз мондааст ва Раҳмонов амалан тамоми шохаҳои ҳокимиятро ғасб намуда, байни хонавода ва наздикони худ тақсим кардааст.
Ҳаминаст, ки парвои мардум надорад, ва ба худ иҷоза медиҳад, ки нисбати мардум суханҳои носазо гӯяд. Ин тарафи масъала камсаводӣ ва ҷаҳонбинии бисёр танги Раҳмоновро баён мекунад, ки аз фаҳми дурусти ҳодисаҳои дар дунё ба амаломада, оҷиз аст. Охир аз одаме, ки мактаби олиро дар замони шӯравӣ ғоибона хатм кардааст, дигар чиро метавон интизор дошт. Вале паҳлӯи дигари масъала ҳам ба нодонии ӯ алоқа дорад, ва ҳам ба кӯрнамакии ӯ. Манзурам ҳамон саволи ӯ ба мардуми шарифи Бадахшон, ки “шумо дар 27 сол ба давлат чӣ додед?” аст. Дар ин суол ҳам, аблаҳию ҷоҳилӣ ва ҳам кӯрнамакӣ дида мешавад.
Оё Раҳмонови беинсоф намедонад, ки агар ҳамин сарзамини гуҳарбори Бадахшон намебуд, як рӯз дар сари ҳукумат намемонд? Оё ӯ бар ивази 1000 км мураббаъ замини муқаддаси Бадахшонро, ки фурӯхт ин ҳама сарвати гӯшношунидро ҷамъ накард? Агар ин пораи замини муқаддаси Бадахшон намебуд, ӯ чунон ки гадо буд, гадо мемонд.
Ин ҳама сарвату пулу моли Раҳмонов ва тамоми хонаводаи гурусначашмаш аз пушти мардум ва сарзамини Бадахшон аст. Мардуми Бадахшон ҳақ доранд, ки аз ин ватанфурӯш талаб кунанд, ки ӯ барои ин таҳқираш узр пурсад.
Ту бар ивази ин пораи сарзамини Тоҷикистон миллиардҳо доллар гирифтӣ, вале тақрибан ҳеҷ чизро барои ободии Бадахшон сарф накардӣ! Дар натиҷа аксари мардум бекор ва дар шароити сангини иқтисодӣ зиндагӣ мекунад.
Ногуфта намонад, ки мувофиқи моддаи 7-умм Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазиранд. Яъне ин касофат бо фурӯхтан ва тақсим кардани замини Бадахшон Конститутсияро поймол кард ва дер ё зуд бояд дар назди қонун ва халқ барои ин хиёнаташ ба ватан ҷавоб диҳад. Умед дорем, ки он рӯзи барқарории адолат ба зудӣ мерасад.
Вилояти Бадахшон бо ин ҳама сарвате, ки дорад, дар ҳолати идораи дуруст ва оқилона метавонист, яке аз ободтарин маконҳои дунё бошад. Беҳуда подшоҳони рус нагуфта буданд, ки ҳар касе соҳиби Бадахшон аст, соҳиби дунё аст. Аммо ин ноуҳдабароии Раҳмонов дар ҳукуматдорию фасодкориаш боис гаштанд, ки мардуми Бадахшон аз фақру бекорӣ ранҷ кашанд.
Раҳмонов дар Бадахшон мардумро ба риояи ҳатмии қонун даъват кард. Вале оё худаш ва наздиконаш намунаи риояи қонун ҳастанд? Раҳмонов худ қонунвайронкуни рақами аввал дар Тоҷикистон аст. Дар ин 27 сол чанд бор сарқонунро поймол карда, барои манфиатҳои шахсии худ онро тағйир дод? Фарзандони чашмгуруснааш чӣ қадар қонунро поймол карданд? Ба сабаби қонунвайронкуниҳои онҳо мардуми бечора аз моликияташон маҳрум гаштанд, баъзеи дигар бехонумон шуд, дигаре дарбадар шуд, баъзеи дигар ба зиндон рафт ва иддае ҳам кушта шуд. Оё Раҳмонов ва авлодаш барои ин ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳо ҷавоб доданд? Риояи қонун бояд аз ӯ сар шавад, на аз касе дигар.
Паҳлуи дигари масъала, агар диққат карда бошед, дар ҳамин сафари Бадахшон Раҳмонов қайчии бузурге дар даст лентаи ду иншооти навро бурид. Яке нирӯгоҳи барқии обӣ буд, дигарӣ донишгоҳи Осиёи Миёна. Ҳар дуи ин иншоот бо пули Оғохон сохта шудааст. Вале ҳасади Раҳмонов нагузошт, ки Оғохон дар маҳфили ифтитоҳи иншооте, ки бо пули ӯ дар Тоҷикистон сохта шудааст, омада ширкат кунад.
Раҳмонови бераҳм мардуми Бадахшонро таъна мезанад, ки дар 27 сол ба давлат ҳеч чиз надоданд. Вале мисле, ки фаромӯш карда бошад, чӣ қадр аз ҳисоби Бадахшон солона ба ҷайби ӯ ва авлодаш ворид мешавад. Дар ҳар кишвари дуруст посгоҳи гумрукӣ дар сарҳад амалӣ мешавад. Вале Раҳмонов бо мақсади аз худ кардани пули давлат ва мардум “гумрук” дар сарҳади Тоҷикистон ва Чин, ки дар Мурғоби Бадахшон ҷойгир аст, фаъол намесозад. Ба ибораи дигар, ҳар сол миллионҳо долларе, ки мебоист ҳукумати маҳалии Бадахшон аз воридот дар сарҳади Чин ва Тоҷикистон ҷамъ мекард ва қисми онро мувофиқи қонун барои рушди вилоят сарф мекард, амалӣ намешавад. Ба ҷои ин аз рӯи нақшаҳои пулдуздии Раҳмонов ва авлодаш ин ҳама мошинҳои боркаш сарҳади Чин ва Тоҷикистонро дар Бадахшон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ убур намуда, мустақим ба Душанбе мераванд. Дар Душанбе мутобиқи барномаҳои Раҳмонов ва авлодаш на ҳамаи молу колое, ки аз Чин омада аз гумрук мегузаранд ва бе пардохти он вориди бозори Тоҷикистон мешаванд. Дар натиҷа миллионҳо доллар зарар ба буҷет ва иқтисоди бе ин ҳам касоди Тоҷикистон расонида мешавад. Ҳаминаст, ки нишондодҳои гумрукии Чин аз нишондодҳои гумрукии Тоҷикистон фарқи калон мекунад.
Боз Раҳмонов ношармида ба мардуми Бадахшон таъна мезанад, ки дар 27 сол ба давлат чӣ додед ? Аз он дар ҳаросам, ки пушти ин ҳама таънаҳо боз макру хиёнате пинҳон набошад, ё омодаги ба гузоштани порчаи дигари замин барои фурӯш набошад. Чунки Раҳмонов ҳоло Тоҷикистонро бо қарзи Чин ғӯтавар кардааст ва Чин аз Раҳмонов баргардондани пулҳои худро дер ё зуд талаб мекунад. Аммо буҷети Тоҷикистон бо сабаби фасодкориҳои Раҳмонов ва авлодаш холист. Ягона роҳе, ки барои Раҳмонов мемонад, ин фурӯхтани замини муқаддаси Бадахшони Тоҷикистон бо ҳама сарвату маъдане, ки зери он хобидааст мебошад.
Раҳмонов! Ту аз рӯи қонун ва аз рӯи ахлоқи инсонӣ ҳеҷ ҳақе надорӣ, ки аз мардум бипурсӣ, ки барои давлат чи кор карданд! Ин ҳақи мардум аст, ки аз ту бипурсанд, ки дар ин 27 соли ғасби ҳукумат ба мардум чи кор кардӣ! Ва ин рӯзе, ки дар назди мардум ва қонун ҷавоб хоҳӣ дод, ҳатман мерасад!
Нуриддин Ризоӣ

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза