12.1 C
Dushanbe
20.11.2024

Вазорати корҳои дохилӣ дар хидмати Раҳмонов қарор дорад

19 феврали соли 2021 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазир Раҳимзода Рамазон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2020 бахшида шуд. Роҳбари ВКД зимни суханронии худ таъкид кард, ки «мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов анҷом медиҳад. Дастгирии доимӣ ва таваҷҷӯҳи махсуси Сарвари давлат ба фаъолияти ВКД моро водор менамояд, ки волоияти қонун, зиндагии осоиштаи шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткориро таъмин кунем. ” Яъне, Вазир ончунон рӯирост гуфт, ки Раҳмонов шахсан манфиатдор аст, ки ВКД ба манфиати ӯ кор кунад. Вале ВКД бо кадом ҷиноят мубориза мебарад, – суоли калонест, зоҳиран бо он ҷиноят ҳое, ки ба Раҳмонов нохушоянд аст.


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта ин ниҳод дар минтақаи Шаҳринав ҳамлаи даҳшатафканро ҷилавгирӣ кард ва дар маҷмӯъ таваҷҷӯҳи вазорат бештар ба мубориза бар зидди терроризм равона шудааст. Тибқи омори вазорат соли гузашта 271 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолияти созмонҳои даҳшатафкан ва ифротгароӣ боздошт шуданд, ки 8 нафари онҳо аъзои ҳаракати “Гурӯҳи 24” мебошанд. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар бораи боздошти танҳо 3 узви ҳаракат дар соли 2020 иттилоъ дода буд, вале Вазорати корҳои дохилӣ ин гуна рақамҳоро аз куҷо гирифтааст, ба мо маълум нест.


Вазир дар суханронияш ҳамчунин муноқишаи ду видеоблогери тоҷики муқими Олмонро фаромӯш накард ва аз ин ҳодиса чунин хулоса баровард, ки ин қазия чеҳраи мухолифини тоҷикро ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки онҳо ҳама роҳзанону авбошон ва террористон мебошанд. Ва беҳуда нест, ки ВКД онҳоро таъқиб мекунад ва ҳама ҳукмҳо алайҳи мухолифин бо айби даст доштанашон бо терроризм комилан одилона мебошанд. Аммо шигифтангез аст, ки чаро Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи мардумро ба як муноқишаи хурди шахсӣ дар хориҷа ҷалб мекунад, ки ҳатто матбуоти маҳаллӣ аз сабаби ночиз буданаш аз инъикоси он худдорӣ кард? Аммо дар бораи чунин ҳодисаҳои пурсарусадои бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ба вуқӯъ пайваста , ба монанди қатли Умаралӣ Қувватов дар Туркия, сӯиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов дар Маскав, рабуда шудани Шобуддин Бадалов, ки ВАО-и ҷаҳон дар бораи он навиштаанд, Вазорати корҳои дохилӣ чанд сол аст, ки якравона хомӯш аст. Хулоса нишон медиҳад, ки мақомот на танҳо рӯйдодҳои барои онҳо судмандро инъикос мекунанд, балки худашон ин гуна руйдодҳоро фармоиш низ медиҳанд.

Рӯзноманигорон як парвандаи пурсарусадои дигари ангезаи сиёсӣ дошта – парвандаи муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро фаромӯш накарданд. Сардори ВКД ба суоли мавриди шиканҷа қарор гирифтани Одинаев дар ҷараёни тафтишот чунин посух дод: «Оё шумо аз ӯ пурсидед, ки чаро пас аз содир кардани ҷиноят алайҳи намояндаи мақомот нопадид шуд? То ҷое ман медонам, Одинаев дар таҳхона пинҳон шуда, худашро худаш шиканҷа кардааст ” Ҷавоби “Одинаев худаш худашро шиканҷа кардааст”- ро чи гуна метавон шарҳ дод?

То ба кай мо ба дурӯғи ошкоро гӯш хоҳем дод ва мунофиқонро дар мансабҳои роҳбарикунандаи давлатӣ таҳаммул хоҳем кард? Дар робита ба нишасти матбуотии Вазири корҳои дохилӣ муовини роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳ-24” Ҳусейн Ашӯров изҳороти расмӣ дод. Ӯ гуфт, ки “дар соли 2020 се аъзои ҳаракатро беасос ба Тоҷикистон истирдод карданд ва макони будубош ва тақдири онҳо то ба ҳол номаълум аст. Мо дар ин бора аллакай дар сайти расмии худ навишта будем, аммо то имрӯз аз режими Раҳмонов посух нагирифтаем. Ва ҳар чизе, ки Вазири корҳои дохилӣ дар нишасти солонаи матбуот изҳор дошт, беасос буда, комилан ба воқеият рабт надорад ва бедуни далелҳои воқеист. “

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза