9.1 C
Dushanbe
21.11.2024

Бо гузашти 9 сол гунаҳгорони воқеаҳои Хоруғ то ба ҳол  ҷазо нагирифтаанд

24 июл аз рӯйдодҳои хунини Хоруғ 9 сол сипарӣ мешавад,  аммо то ба ҳол ба саволи “чаро одамони бегуноҳ кушта шуданд?” посухе нест. Ҳукумати Раҳмонов то ба ҳанӯз наметавонад ба рӯйдодҳои Хоруғ ҷавоби дақиқ диҳад. Моҳи июли соли 2019 дар Женева, дар ҷаласаи Кумитаи СММ  гурӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар шарҳи рӯйдодҳои Хоруғ гуфт, ки ин ҳодисаҳо ба мубориза бо мухолифон ва тақвияти қудрат ҳеҷ рабте надоранд. Тибқи тафсири онҳо, ин амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки дар куштори сардори Раёсати  давлатии амнияти миллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Абдулло Назаров гунаҳгор дониста мешудаанд, равона карда шуда буд. Марги шаҳрвандони оддӣ дар ҷараёни амалиёти махсус бидуни шарҳ боқӣ монд.

Ин боз як дурӯғи навбатии Раҳмонов буд, ӯ боз як бори дигар натавонист ба хатогии худ иқрор шавад ва барои амалҳои ношоистааш аз мардум бахшиш пурсад. Имрӯз аллакай дар бораи созишномаи байни нерӯҳои қудратӣ ва сардори Гурӯҳи марзбонии Ишкошим Толиб Айёмбеков маълум аст, ки гумонбарон дар қатли генерал Назаров мебоист субҳи 24 июл ба шӯъбаи тафтишот меомаданд. Аммо Раҳмонов аз марги генерал Назаров чандон нигарон набуд, ба ӯ на гумонбарони ин куштор, балки  қудрат ва назорати мутлақ лозим буд. Ин буд, ки рӯзи 24 июл соати 4-и субҳ  беш аз 3 ҳазор низомиён  ба зидди шаҳрвандони осоишта , алайҳи ҳамватанони худ амалиёт оғоз карданд.

Аҳолӣ дар бораи ин амалиёт огоҳонида  нашуда буд ва дар бораи хатари он  хабаре надошт ва снайперҳои ҳукумат ҳар гуна ҳаракатро душманона ҳисобида, барои маҳви он оташ кушоданд. Дар он рӯйдоди хунин 23 нафар ғайринизомӣ аз ҷониби ашхосе, ки бояд онҳоро муҳофизат мекарданд, кушта шуданд.

Раҳмонов ҳамчун сиёсатмадор аз ҷанги бераҳмонаи шаҳрвандӣ сабақ нагирифтааст ва имрӯз бо ифтихор худро “Асосгузори сулҳ” меномад. Ӯ  сонияе дар бораи ғайринизомиёни Хоруғ фикр накард ва бо истифода аз усулҳои барояш маъмул танҳо барои мустаҳкам кардани қудрати мутлақ амал кард.

Воқеаҳои Хоруғро метавон  амали террористӣ алайҳи мардуми осоишта номид, аммо тамоми даҳшат дар он аст, ки террористон намояндагони мақомоти расмӣ буданд. Ҳодисаи мазкур, бераҳмии Раҳмонов ва эҳсоси беҷазоии мутлақи ӯ, ноамнии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар назди мақомот ҷомеаи ҷаҳонро ба ларза овард ва азми Умаралӣ Кувватовро барои мубориза бо ҳокимияти ҷинояткори Раҳмонов бо тамоми нерӯ тақвият бахшид. Чанде пас аз амалиёти низомӣ дар Хоруғ  Умаралӣ Қувватов Ҳаракати сиёсии мухолифи “Гурӯҳи -24” -ро таъсис дод. Номи ин ҳаракат ба Раҳмонов як сарзаниш ва ёдрас кардани ҳамешагӣ дар бораи ҷинояти зидди мардуми  худ мебошад, ки ӯ 24 июли соли 2012 содир кардааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24″

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза