Аз субҳи рӯзи 22 -юми апрели соли ҷорӣ намояндагони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ” тибқи барнома барои “истиқболи гарми Раҳмонов ” вориди кишвари Итолиё шуданд.
Дар раванди ин сафар аъзоёни фаъоли ҳаракат барои пайдо кардани Раҳмонов вориди шаҳри Рим шуданд.Тибқи гузоришҳои расмӣ, ки дар сомонаи ҳукумати Итолиё нашр шуда буданд, мебоист Раҳмонов имрӯз бо сарвазири Итолиё дар қасри миллат вохӯрӣ анҷом медод,аммо ин хабари расмӣ дурӯғ баромада, Раҳмонов бо президенти ин кишвар – Серҷо Маттарелла дар назди қасри президент Квиринал дидору мулоқот кардааст.
Фаъолони ҳаракат пас аз дарёфти маълумоти фаврӣ ба суроғаи зерин ҳаракат карданд, вале дар роҳ аз ҷониби пулиси шаҳри Рим боздошт шуданд. Мақомоти Раҳмонов пеш аз сафари Ӯ маълумоти хусусии аъзои “Гурӯҳи 24”-ро дар ихтиёри мақомоти Итолиё гузоштаанд, то ки аз амалиёти “Гурӯҳи 24” пешгирӣ намоянд!
Эҳтимол меравад, ки аъзои “Гурӯҳи 24” то анҷоми сафари Раҳмонов дар боздошт бимонанд! Ҳоло иртибот бо эшон масдуд шудааст!
Ҳаракати сиёсии” Гурӯҳи 24″ аз мақомоти қудратии давлати Итолиё талаб мекунад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат фаъолонашро озод намоянд, зеро онҳо паноҳандагии Олмонро доранд ва аз ҷониби эшон ҳеҷ як иштибоҳ ва қонуншикание сурат нагирифтааст!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”