Рӯзи 27-уми марти соли ҷорӣ , намояндагони Кумиссорёи Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Паноҳандагӣ бо роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар (Тӯраев) ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насим Шарифов дар боздоштгоҳ дидор ва гуфтугӯ карданд.
Зимни дидор, ки ҳудуди як соат давом дошт, намояндагони КОП СММ баён карданд, ки мо вазъият ва чигунагии раванди боздоштро зери назорати худ қарор додаем ва аз мақомоти Туркия дархости адами истирдод ва озодии фаврии шуморо тақозо хоҳем кард. Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарифов қаблан аз КОП СММ дархости паноҳандагии сиёсӣ карда буданд ва парвандаи эшон дар ҳоли баррасӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19.03.2018-ум, роҳбари “Гурӯҳи 24”- Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насим Шарифов аз ҷониби пулиси шаҳри Истанбул боздошт шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон чанде пеш варақаи афроди зиёдеро нашр кард, ки дар алоқамандӣ бо терроризм айбдор мешаванд ва исми Сӯҳроб Зафар низ дар рӯйхати мазкур ҷой дошт. Додгоҳи қонуни асосии Туркия рӯзи 21 -уми марти соли ҷорӣ дархости ҳукумати Тоҷикистонро рад кард ва раванди истирдоди роҳбари “Гурӯҳи 24”- Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарифовро барои се моҳ боз дошт. Додгоҳ далели ин ҳукми худро бо он асоснок кард, ки дар сурати истирдод эҳтимолӣ шиканҷаи онҳо тавассути мақомоти Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24