9 – сентябр барои миллати тоҷик рӯзи таърихист. Дар ин рӯз, соли 1991, Тоҷикистон пас аз садсолаҳо зери зулму ҳукмронии бегонагон будан, расман соҳибистиқлол эълон гардид. Миллионҳо ҳамватан он рӯзро чун оғози як давраи нав – давраи озодӣ, худшиносӣ ва худбоварӣ интизор доштанд.
Аммо мутаасифона, ки имрӯз, пас аз зиёда аз се даҳсола мо воқеан соҳиби истиқлол нестем.
Истиқлолият танҳо санад нест, балки истиқлолият танҳо бо як эъломия ва ё парчам ва нишони давлатӣ ба даст намеояд. Истиқлолият – маънои озодӣ, ихтиёрдорӣ ва қудрати худпарастии миллӣ аст. Миллат вақте воқеан соҳибистиқлол мешавад, ки иқтисодаш мустақил бошад, сиёсаташ аз иродаи дигарон вобаста набошад ва мардумаш озодии сухан, андеша ва зиндагии шоиста дошта бошанд.
Мутаассифона, Тоҷикистон ҳанӯз зери нуфуз ва сиёсати Русия қарор дорад. Милионҳо мардуми тоҷик маҷбур ба муҳоҷиратанд, зеро иқтисоди кишвар наметавонад ҷойи кор ва зиндагии шоиста таъмин кунад. Артиш ва амнияти миллӣ низ аз пойгоҳҳои хориҷӣ вобаста аст. Забони русӣ дар сатҳи расмӣ ҷойгоҳи баробар бо забони давлатӣ дорад, ки худ далели дигаре аз вобастагӣ мебошад.
Дар баробари ин, қудрат дар дасти як нафар ва як гурӯҳи маҳдуд тамаркуз ёфтааст. Раҳбарияти кунунӣ ба ҷои роҳнамоии миллат ба сӯи озодӣ ва пешрафт, онро ба роҳи вобастагӣ ва худкомагӣ бурдааст. Истиқлолият дар сухан ҳаст, вале дар амал – на.
Ҳар як тоҷик орзу дорад, ки Тоҷикистон воқеан озоду мустақил гардад. Иқтисоде дошта бошад, ки мардумаш дар ватани худ кору зиндагии шоиста кунанд. Давлате дошта бошад, ки ба ҳуқуқи инсон арҷ гузорад ва озодии фикрро маҳдуд накунад.
Сиёсате дошта бошад, ки бар манфиати миллату давлат бошад, на ба хидмати қудратҳои хориҷӣ.
Истиқлолият орзуи нопурра аст, агар миллат барои ҳимоя ва татбиқи ҳақиқии он аз худ ҷасорат нишон надиҳад.
Биёед ба хотири наслҳои оянда ва ба хотири қурбониҳои гузашта, барои Истиқлолияти ҳақиқӣ мубориза барем.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”