1.1 C
Dushanbe
21.12.2024

БАЁНИЯИ РАСМИИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”

 

Дар бораи маҳкум намудани ҳукми додгоҳи режими диктатории Раҳмонов алайҳи Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов хитоб мекунад!

Бо таассуфи амиқ, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳукми ноодилонаи додгоҳи режими Раҳмоновро алайҳи роҳбари ҳаракат, Сӯҳроб Зафар ба 30 сол ва намояндаи ҳаракат дар Туркия, Насимҷон Шарипов ба 20 сол маҳрумият аз озодиро қатъиян маҳкум мекунад. Ин ҳукм, ки дар шароити фишор ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ва пур аз тӯҳмат содир шудааст, боз як намунаи равшани саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои қонунии мардум дар кишвар аст.

Сӯҳроб Зафар, ки дар роҳи адолат ва озодӣ бо тамоми қувваи худ мубориза мебурд, ҳадафи ин ҳукми золимонаи режим қарор гирифтааст. Насимҷон Шарипов низ ҳамчун намояндаи ҳаракат дар Туркия, танҳо барои фаолиятҳои сиёсии худ дар доираи  қонунҳои байналмиллалӣ, аз тарафи режими Раҳмонов ба 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ҳадафи аслии ин ҳукмҳо фишор овардан ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ва хомӯш кардани садои ҳақиқат аст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” қотеъона эълон менамояд, ки дар муқобили ин режими хунхор муборизаи худро давом хоҳад дод. Ҳукмҳои тӯлонӣ ва бе асос, пур аз тӯҳмат нахоҳад сари роҳи муборизаи мо алайҳи ин режими шуд. Мо то замоне ки адолат, озодӣ ва ҳақиқат дар Тоҷикистон пиёда нашавад, талошҳои худро барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодии сиёсӣ идома медиҳем!

Мо аз ҷомеаи байналмиллалӣ, созмонҳои ҳуқуқи инсон ва мардуми Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба ин қазия бо ҷиддият вокуниш нишон дода, ба ҳукумати Тоҷикистон барои риояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ фишор оваранд!

Бо эҳтиром, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

18-уми октябри соли 2024

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза