0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Баста шудани сайти “Ахбор “ҳамла ба озодии сухан дар Тоҷикистон аст …”

    Дар давлатҳои демократӣ ба назорати ВАО ҳоҷат нест ва ягон роҳбари солимфикри кишваре аз ҳақиқатнигорӣ ва интиқоди воқеӣ ҳарос надорад, зеро ин падида ба қабули тасмимҳои дуруст мусоидат мекунад. Аммо мутаассифона, Раҳмонов кайҳост, ки аз бемории шайдоии азамат (мания величия) ранҷ мекашад ва худро тақрибан “худое” мешуморад, ки ҳеҷ гоҳ иштибоҳ содир наменамояд. Сайти маъруфи “Ахбор” 13 ноябр дар чаҳорумин солгарди таъсисаш баста шудани худро эълон кард. Ин сомона дар давоми чаҳор соли фаъолияташ худро ҳамчун як расонаи мустақил муаррифӣ карда, рӯйдодҳои Тоҷикистонро воқеъбинона инъикос мекард ва манфиатҳои касеро таблиғ наменамуд.

Имрӯз, ин расонаи хабарӣ маҷбур аст тибқи қарори комилан ноодилонаи “ифротӣ” дониста шуданаш аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз таърихи 15 феврали соли 2020 дар авҷи маъруфият фаъолияти худро қатъ намояд. Он ба унвони “сомонаи дар хидмат ба манфиати террористон ва ифротгароён” айбдор дониста шуда, ба рӯйхати сомонаҳои дар ҳудуди Тоҷикистон мамнӯъ шомил карда шудааст. Сармуҳаррири ин сайт Мирзо Салимпур қарори додгоҳро “ҳамлаи ошкоро ба озодии сухан дар Тоҷикистон” номид. Ба ақидаи ӯ, сайт аз он сабаб мамнӯъ эълон карда шуд, ки дар он мавзӯъҳои барои мақомот нохушоянд, аз қабили фасодкории мансабдорони баландпоя ва камбудии идораву муассисаҳои давлатии кишвар инъикос меёфтанд.

Азбаски ин сайт дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардидааст, рӯзноманигорон ва муаллифони мақолаҳое, ки бо он ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷониби мақомот мавриди таҳдид қарор гирифта, хонандагони оддии ин сайт барои “лайк” мондан ё шарҳи матолиби он то муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум мегарданд. Чунинанд қонунҳое, ки дар Тоҷикистони муосир амал мекунанд. Вазъияти портали хабарии “Ахбор” бори дигар собит мекунад, ки Раҳмонов диктатори ҳақиқӣ шудааст ва дар кишвар низоми худкома ҳукмрон аст, сензура ва назорат дар ҳама ҷо ҳокимият дорад. Воситаҳои ахбори омма танҳо дар бораи он чизе, ки раисҷумҳур мехоҳад, менависанд ва сухан мегӯянд. Дар кишвар васоити ахбори оммаи мустақил мавҷуд нест, ҳар гуна гуногунандешӣ манъ аст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо роҳбарияти сайти “Ахбор” изҳори ҳамраъйӣ намуда, бо андешаи сармуҳаррир дар бораи он, ки имрӯз дар Тоҷикистон озодии баён ва Додгоҳи мустақил вуҷуд надорад, мувофиқ аст ва ба роҳбарияти он дар мубориза барои инъикоси холисона ва воқеъбинонаи рӯйдодҳои Тоҷикистон муваффақият ва тавонмандӣ орзу менамояд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза