3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Акмал Астанаев аз Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” хориҷ шуд

 30 октябри соли равон узви фаъъоли  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”  Акмал Астанаев бо хоҳиши худ аз узвият дар ин созмони сиёсӣ  хориҷ шуд.  Ин амали ӯ бар асоси оинномаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, ки ихтиёрӣ будани вуруд ва хурӯҷи ҳар як шаҳрванд ба ин созмони сиёсӣ яке аз муқаррароти он аст, сурат гирифт.

   Акмал Астанаев аз оғози узвият дар Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар сафи аввали аъзои фаъъоли он қарор гирифта, муборизаи сиёсии худро ба муқобили зулму истибдод ва қонуншиканиҳои режими худкомаи Раҳмонов оғоз кард ва муддати 5-6 сол аст, ки ҳам дар чорабиниҳои дастҷамъонаи “Гурӯҳи-24” ва ҳам дар барномаҳои инфиродӣ муборизаи сиёсии худро собитқадамона давом дод. Ӯ дар давоми фаъолияташ дар Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо раёсат ва  аъзои дигари созмон муносибати хуби корӣ дошт ва аз ӯҳдаи вазоифи гузошташуда ба хубӣ мебаромад.

  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба Акмал Астанаев барои саҳмаш дар фаъолияти сиёсии ҳаракат изҳори сипос намуда, ба ӯ дар зиндагӣ ва корҳои  минбаъдааш бурдбориву муваффақият орзу менамояд.

 Шӯрои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза