22.1 C
Dushanbe
06.10.2024

Рӯзи ҳафтум аз ҷаласаи “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо “

Рӯзи ҳафтум аз ҷаласаи “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ” перомуни ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҳампаймони созмони мазкур, ки дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон идома дорад, ба анҷом расид .
Имрӯз, намояндаи ҳаракати мо, мушовири роҳбари “Гурӯҳи 24″ – Сайидалӣ Ашӯров дар мавзӯъи ” Волоияти қонун; пешгирӣ аз шиканҷа, ҳуқуқи мурофиаи одилона, истиқлолияти судӣ ” суханронӣ намуда, аз вазъи имрӯзаи қавонин ва адами ҳокимияти қонунӣ дар Тоҷикистон гузориш дод .
Ҷаноби Сайидалӣ Ашӯров Раҳмоновро ба он муттаҳам кард, ки ӯ ба хотири манофеъи худ се бор ба Сарқонуни кишвар тағйирот ворид сохт ва билохира бо пешвои миллат эълон кардани худ, бо демократия падруд гуфта, роҳи ҳукумати хонаводагиро пеш гирифтааст.
Ҷаноби Ашӯров аз номустақил будани ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон хабар дода, ёдовар шуд, ки чӣ гуна мурофиаҳои судии аъзои аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои мухолифи режими Раҳмонов пушти дарҳои баста анҷом меёбанд.

Ӯ дар поёни суханронии худ гуфт; дар Тоҷикситон ҳокимияти қонун ба ҳокимияти Раҳмонов ва хонаводаи ӯ табдил ёфтааст.
Нишасти имсолаи “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ” қарор аст , то 22-юми сентябр идома ёбад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза