10.1 C
Dushanbe
29.12.2024

Рӯзи Истиқлол бар ҳамватанон муборак!

   Инак 31 сол аст, ки 9 – сентябр ҳамчун рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Истиқлол расидани кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи таърихии фаромушнашавандаро ҳамагӣ бо камоли хурсандӣ пешвоз мегирем. Аммо мутаассифона ин рӯзи таърихиро низ ҳамчун яке аз дастовардҳои Раҳмонов муаррифӣ мекунанд. Вале касе дар бораи қаҳрамонони аслии ин рӯзи муҳим чизе намегӯяд. Мардум, махсусан насли ҷавони кишвар чунин тасаввурот дорад, ки Раҳмонов гӯё бунёдгузори на танҳо Истиқлол, ҳатто кишваре бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳол он, ки ингуна нест!

   Агар ба таърихи на чандон дури Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки аз таъсиси он бештар аз навад сол сипарӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 аввал ҳамчун ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Ӯзбекистон арзи ҳастӣ карда, соли 1929 ба Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин маънои онро дорад, ки марҳилаи аввали Истиқлолияти Тоҷикистон ба солҳои бистум садаи бистум рафта мерасад. Дар таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон як идда фарзандони боору номуси миллат чун Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чанор Имомов, Нусратулло Махсум ва даҳҳо нафари дигар ҷоннисорӣ карда, бисёре аз онҳо дар ин роҳ ҷони худро аз даст доданд.

   Марҳилаи дуввуми Истиқлол ба замони бозсозии Горбачев рост меояд. Бозсозӣ ва  фазои демократӣ дар кишвар барои истиқлоли воқеъӣ замина ба вуҷуд овард ва пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ 9 – сентябри соли 1991 Тоҷикистон ба истиқлоли комил расид. Матни эъломия ба қалами Тоҳири Абдуҷаббор мансуб аст ва он дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси он Қадриддин Аслонов қироат гардид. Вале тоҷикон ба қадри ин неъмати бузург расида натавонистанд. Дар кишвар миёни нируҳои ҷоҳталаб ва мансабхоҳ барои ҳокимият мубориза оғоз шуд ва ин мубориза Тоҷикистонро ба майдони ҷанги шаҳрвандӣ кашида, садҳо ҳазор нафарро қурбон ва мардуми зиёдеро овораву муҳоҷир кард.

   Моҳи ноябри соли 1992 Раҳмонов бо дастгирии кишварҳои бегона ба сари қудрат омад. Бо имзои Шартномаи Сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ дар соли 1997 гӯё дар кишвар суботу оромӣ баргашт, вале Раҳмонов ба муборизаи сиёсии худ ва нест кардани рақибони сиёсии худ идома дод ва Тоҷикистонро оҳиста – оҳиста ба як кишвари диктатурӣ табдил дод. Ҳарчанд Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил  узви Созмони Миллали Муттаҳид аст ва  дорои рукнҳои асосии истиқлол мебошад, вале он дар асл зери нуфузи дигар кишварҳо қарор дорад.

   Имрӯз дар Тоҷикистон Истиқлоли кишвар яке аз дастовардҳои Раҳмонов дониста мешавад. Вале таърих гувоҳ аст, ки Раҳмонов пас аз тасарруфи ҳокимият истиқлолияти кишварро барои манфиатҳои шахсии худ фурӯхт ва то он рӯзе, ки ӯ дар сари қудрат боқӣ мемонад, Тоҷикистон ба истиқлоли воқеъӣ расида наметавонад.

   Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо умеди ояндаи нек ва расидан ба истиқлоли комил ва воқеъӣ тамоми ҳамватанони азизамон, мардуми шарифи Тоҷикисторо бо фарорасии ҷашни Истиқлол табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу саодат ва рӯзгори ободро аз даргоҳи Яздони пок орзу мекунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза