9.1 C
Dushanbe
02.12.2024

Пикетҳо барои раҳоии Суҳроб ва Насимҷон (гузориши тасвири)

Дар давоми се рӯзи охир, фаолони “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои гуногун, аз қабили Гурҷистон, Русия, Лаҳистон, Утриш, Олмон, Суид, Ҳоланд, Белҷик, Литунӣ (Латвия), Конодо ва фаъоли мустақилли ҷомеаи шаҳрвандӣ – Вайсуддин Одинаев дар назди бинои сафоратхонаҳои ҷумҳурии Туркия дар кишварҳои номбурда ба нишони эътироз ҳузур оварданд. Фаолони мо дар даст варақаҳо бо акси Сӯҳроб Зафар – роҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия бо навиштаҷоте ба ин маънӣ: “Озодӣ ба боздоштшудаҳои сиёсӣ” дар рӯ ба рӯи сафоратхонаҳо қарор гирифтанд.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои озодии роҳбар ва намояндаи боздоштшудааш тамоми талоши худро ба харҷ хоҳад дод. Қарор аст рӯзҳои наздик, вохурии намояндагони мо бо мақомдорони ҷумҳурии Туркия дар сатҳи баланд баргузор гардад ва инчунин, бо намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон баста ба мавзӯъи боздошт ва раҳоии Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар торихи 19 – уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти Туркия бо дархости ҳукумати Тоҷикистон боздошт шуданд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза