Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» бо дарди амиқ ва андӯҳи бузург қатли ваҳшиёнаи кӯдаки даҳсола Қобилҷон Алиевро, ки дар яке аз мактабҳои вилояти назди Маскав ба қатл расидааст, шадидан маҳкум мекунад.
Қатли кӯдак — ҷиноятест алайҳи тамоми инсоният. Ҳеҷ гуна баҳона, беэътиноӣ ё хомӯшӣ наметавонад чунин зӯроварии ваҳшиёнаро сафед намояд. Мактаб бояд макони амният, тарбия ва оянда бошад, на саҳнаи тарс ва марг.
«Гурӯҳи 24» ҳамдардии самимии худро ба хонаводаи Қобилҷон Алиев, наздикон ва ҳамаи онҳое, ки аз ин фоҷиа осеб дидаанд, изҳор менамояд. Мо бар ин боварем, ки адолат бояд барқарор гардад ва хотираи ин кӯдаки бегуноҳ набояд фаромӯш шавад.
Зӯроварӣ алайҳи кӯдакон хатти сурх аст. Хомӯшӣ шарикӣ аст.
Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»
