4.1 C
Dushanbe
02.12.2024

Ба муносибати зодрӯзи Сӯҳроб Зафар

 

Имрӯз, 24 ноябр, зодрӯзи шахсияти барҷаста, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Сӯҳроб Зафар, мебошад. Ӯ шахсест, ки бо иродаи қавӣ, хиради баланд ва самимияташ барои озодӣ ва адолат ба мардуми Тоҷикистон мубориза бурд. Ҳадафи ӯ ҳамеша боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, таъмини адолат ва озод кардани Ватан аз низоми золимона буд.

Бо вуҷуди фишорҳо, таҳдидҳо ва таъқибҳои давомдор, Сӯҳроб Зафар ҳамеша кӯшиш кард, ки дар роҳи муборизаи худ усулҳои осоиштаро истифода барад. Вай бовар дошт, ки ормонҳои адолат ва озодӣ танҳо бо роҳи маърифат ва ҳамдигарфаҳмӣ амалӣ мешаванд.

Соли ҷорӣ, 10 марти 2024, Сӯҳроб Зафар дар Туркия боздошт ва бо фишори ноодилонаи ҳукумати Тоҷикистон истирдод шуд. Ба вуҷуд овардани парвандаи ҷиноятии сохта ва ҳукми ноодилонаи 30 соли зиндон танҳо нишондиҳандаи тарси режими худкома аз шахсиятҳои донишманду далер аст. Аммо таърих борҳо нишон додааст, ки ҳақиқат ва адолатро наметавон бо зулму зиндоние нобуд сохт.

Бо ин муносибат, мехоҳем ба Сӯҳроб Зафар изҳори эҳтиром ва дастгирии самимии худро расонем. Зодрӯзи ӯро табрик гуфта, умедворем, ки рӯзе адолат пирӯз мешавад ва ӯ озодии худро барқарор хоҳад кард. Муборизаҳои ӯ барои ҷомеаи одилона ва озод дар дили мардум ҳамеша зинда хоҳанд монд.

Зодрӯзатон муборак, бародар ва муборизи роҳи зақ Сӯҳроб Зафар!
Рӯҳи озод ва иродаи оҳанини Шумо бароямон манбаи илҳом аст.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза