22.1 C
Dushanbe
06.10.2024

Баёнияи “Гурӯҳи 24” оид ба вазъияти кунунии Вилояти Бадахшон

Пас аз сафари кории Раҳмонов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар миёнаи моҳи сентябри соли равон сурат гирифт, авзоъ дар ин вилоят рӯз аз рӯз печидатар мешавад. Чандест, ки шаҳри Хорӯғ бо дигар навоҳӣ дар муҳосираи қувваҳои мусаллаҳи мақомоти кишвар қарор доранд.
Зимни ин сафар Раҳмонов ба ҳангоми суханронияш дар шаҳри Хоруғ аз мақомоти низомии шаҳр ба шиддат интиқод намуда, ибораи “чаҳор ҷинояткор”-ро истифода бурд ва возеҳ супориш дод, ки дар давоми як моҳ бояд “ҷинояткоронро ба тартиб” дароранд ва барои иҷрои ин ҳатто амр дод аз қувваҳои мусаллаҳ ба кор баранд. Дар паи ин, аз раиси вилоят то дигар роҳбарони мақомот ва шаҳру ноҳияҳои вилоят аз мансаб сабукдӯш шуданд.
Ин бори аввал нест, ки Раҳмонов бо мардуми мазлуми Бадахшон чунин рафтор намуда, ҳуҷуми низомӣ анҷом медиҳад, пеш аз ин, солҳои 2012 ва 2014-ум бо фармони махсуси ӯ ба шаҳри Хоруғ ҳуҷум карда шуд, ки бар асари он шумори зиёди аҳолии осоишта қурбон шуданд. Ин яке аз роҳҳоест, ки Раҳмонов таввасути он, озодандешон ва ашхоси таъсиргузори ҷомеаро бо баҳонаҳои гуногун ба қатл мерасонад. Вале ин бор набояд мардуми Бадахшонро танҳо гузошт, ҳамон тавре ки ду маротибаи қаблӣ сурат гирифт ва мардуми ин вилоят ба ҳоли худ во гузошта шуд ва дар натиҷа роҳат кушта шуданд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки хос барои пос ва зинда доштани ёди қурбониёни 24-уми июли соли 2012-ум, ки бо айни шакл бо фармони Раҳмонов бегуноҳ кушта шуда буданд, номгузорӣ шудааст ва имрӯз ҳам мо дар канори мардуми Бадахшон хоҳем буд! Мардум набояд дигар ба макру фиреб ва таҳрикот (провокатсия)-и Раҳмонов дода шаванд ва махсусан мардуми Бадахшонро дар ин рӯзҳои сахт мебояд бештар гирди ҳам оянд ва фирефтаи ҳарфҳои ширин ва дурӯғини Раҳмонов нашаванд, зеро бо куштани сарон ва роҳбарони эшон мухторият ва сарбаландии мардуми фарзонаи ин кӯҳсор аз миён бурда мешавад.
То имрӯз аз Раҳмонов ҷуз хиёнат ва куштори фарзонагони миллат ва ба савдо гузоштани порчаҳои муқаддаси замини ватан, хайре ба ин кишвар нарасидааст. Ин ҳама хушунат баҳонае барои мустаҳкам кардани нуфузи худ дар ин вилоят ва омодагӣ барои барномаҳои интиқоли қудрат дар солҳои наздик ба писараш мебошад. Чун Бадахшон ягона минтақаест, ки комилан зери нуфузи режим қарор надорад ва инро Раҳмонов ягона таҳдид барои пойдории султаи хонаводагии худ дар оянда медонад.
Бо вуҷуди руйдодҳои бузургтари мавҷуда дар минтақаҳои гуногуни дунё, ки диққати кишварҳои қудратманди ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба худ ҷалб кардаанд, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд нисбат ба қазияи Бадахшон бетараф бошад ва нагзорад, ки Раҳмонов он ҷиноятҳои худро дубора анҷом диҳад ва оромию суботи ин вилоятро зери суол барад, чун бесуботгардонии Бадахшон роҳеро барои интиқоли созмонҳое чун ДОИШ ба Тоҷикистон ҳамвор месозад, ки хатар ва авоқиби он на танҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми минтақаи Осиёи миёнаро фаро хоҳад гирифт!
Вақти он расидааст, ки мардуми Тоҷикистон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар қазияи Бадахшонро ончунон, ки ҳаст, равшан намуда, мустақиман ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои таъсиргузор расонанд.
Имрӯзҳо масъалаи экстремизму терроризм ва қазияи фирор (муҳоҷират) аз манотиқи ҷангзада ба кишварҳои амнтаре нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро афзудааст, ки мебояд кишварҳои ғарбиро пеш аз сар задани чунин мушкилот манобеъи, ки эҷодгар ва тавлидгари ин мушкилоти байналмиллалӣ шудаанд, хушконанд. Раҳмонов низ дар навбати худ, яке аз сабабҳои ифротгароӣ ва афзоиши паноҳандагони тоҷик дар кишварҳои ҷаҳон, махсусан Аврупо мебошад!
Таъаҷубовар ин ҷост, ки аксари касоне, ки аз ҷангу хунрези ва паёмадҳои он ҳамеша суханрони намуда, мардумро ҳушдор медоданд, имрӯз ки Раҳмонов ошкор ба ҷанг таблиғу таҳрик ва даъват дорад, лаб фурӯ бастаанд! Ҳамон гунае, ки раиси нави ВМКБ баён дошт, ки: “Ман аз пешвои миллат хоҳиш кардам, ки Хорӯғ ҷои ҷанг нест. Лутфан амалиёти низомӣ анҷом надиҳед!” Куҷоанд имрӯз онҳое, ки мардумро аз ҷангу хунрезию нооромиҳо ҳушдор медоданду метарсонданд?!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз тамоми мардуми кишвар дархост мекунад, ки нисбати қазияи Бадахшон бетараф набошанд! Зеро бетарафӣ ба қазияи Бадахшон ин бетарафӣ ба ҳаёт ва сарнавишти худи мост!

Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24”
24.10.2018

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза