9.1 C
Dushanbe
02.12.2024

“Агар дарднок намебуд, шояд хандаовар буд….”

Санаи 26-уми декабр, дар шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмӣ бо иштироки сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Суханронии Эмомалӣ Раҳмонов дар ин мулоқот боз як бори дигар бесалоҳиятии ӯро дар ин вазифаи ишғолкардааш тасдиқ кард. Дар вақти хондани матни барои ӯ тайёркардаи мушовир, ӯ на танҳо чашмашро аз қоғази “гаронбаҳо” намеканд, балки дар вақти хондан ба хатогиҳо ҳам роҳ медод.

Аз сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмонов намоён аст, ки ӯ худ намефаҳмад дар мавриди чи чизе сухан мегӯяд. Ӯ шабеҳи як донишҷӯи бесаводе аст, ки мехоҳад бо кӯмаки дигарон ҳайъати комиссиюни имтиҳонотиро розӣ гардонад, ва нишон диҳад , ки ӯ ҳама чизро медонад. Ин ҷо суханони классике ба хотир мерасанд: “ҳамаи ин хандаовар менамуд, агар ин қадар ғамгин наменамуд. Вақте кас сафсата мегӯяд, беҳтар аст хомӯш истад; ӯро роҳи наҷот хомӯш мондан аст, ҳам хатӣ ва ҳам забонӣ”. Аммо барои Э. Раҳмонов танҳо хомӯш мондан роҳи наҷот нест, наҷоти ӯ ба истеъфо рафтан аст. Раҳмонов бояд кайҳо дарк мекард, ки шахсе ки қобилияти қотеъона сухан карданро надорад ва бо ин роҳ миллати Фирдавсиву Рӯдакӣ ва Синоро шармсор мекунад, наметавонад президенти кишвар бошад ва боз ҳам худро “Пешвои Миллат” эълон кунад.

Э. Раҳмонов наметавонад раҳбари Тоҷикистон бимонад ва намебоист мешуд. Президент, ин ифтихори кишвар ва намӯнаи миллат бояд бошад, на омили шармсорӣ. Мо бояд чашмҳои худро боз кунем ва ҳақиқати ҳолро бубинем: тудаи авбошоне, ки бо раҳбарии Э. Раҳмонов муддати 25 сол ҳукуматдорӣ мекунанд, бо кӯмаки Васоити Ахбори Омма мардумро гумроҳ ва фиреб медиҳанд. Дар кишваре, ки қисми зиёди мардум дар сатҳи пасти зиндагӣ қарор доранд ва бори зиндагиро ба зӯр мекашонанд, ва нафароне ҳам ҳастанд, ки манфиат мебаранд “. Ҳамватанони гиромӣ, агар мо хоҳем, ки миллати куҳанбунёди худро дар шахсияти Э. Раҳмонови майзадаи бесавод шармсор набинем, пас мо бояд ба кори ин режими диктатории ӯ нуқта гузорем! Мо бояд кӯмак кунем, то ин режими худкомаро аз байн бардорем ва нест кунем! Мо бояд дар ҳақиқат давлати ҳуқуқбунёд бисозем, ки дар он манфиатҳои шаҳрвандон дар мадди аввал бошанд, на аз як авлод! Мо бояд мисли инсонҳои оддӣ зиндагӣ карданро шурӯъ кунем!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза